Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо дабири кулли Хартияи энергетикӣ
Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар»).- 31 майи соли 2013 дар шаҳри Брюссел мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев бо дабири кулли Хартияи энергетикӣ Урбан Руснак баргузор гардид. Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо раванди мусбати ҳамкориҳои дуҷонибаро дар чаҳорчӯби Созишномаи Хартияи энергетикӣ зикр карданд. Тарафайн натиҷаҳо ва аҳамияти «Форуми сармоягузорӣ ба соҳаҳои энергетикии Тоҷикистон»-ро, ки дар давоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 11 апрели соли равон дар шаҳри Брюссел баргузор гардид, мусбат арзёбӣ намуда, роҳҳои татбиқи натиҷаҳои ҳамоиши ро муҳокима карданд. Урбан Руснак иброз дошт, ки Хартияи энергетикӣ барои ҷалби сармоя ба соҳаҳои энергетикии Тоҷикистон кӯмак хоҳад расонд. Зимни мулоқот инчунин масоили гузаронидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки 20-21 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид барпо мешавад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дабири кулли Хартияи энергетикӣ омодагии худро ҷиҳати иштирок дар кори конфронси мазкур иброз сохт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






