Мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 9-уми Ҷоми Каспий
Душанбе, 5 май. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Дастаи мунтахаби футболбозони навраси тоҷик ( U-16) зери роҳбарии мураббии ҷопонӣ Чикаши Сузуки дар охирин бозии худ дар сабқати байналмилалии Ҷоми Каспий дастаи мунтахаби Қирғизистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, мақоми 9-умро касб кард. Бар пояи иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи кишвар мунтахаби Тоҷикистон дар даври гуруҳии ин мусобиқа аз дастаҳои Уругвай ва Ҷопон шикаст хӯрда, дастаи мунтахаби Иорданияро мағлуб карда буд. Гуфта мешавад дар Ҷоми Каспий дастаи мунтахаби ИМА зинаи 5-ум, Ӯзбекистон зинаи 6-ум, Уругвай зинаи 8-ум, Қирғизистон зинаи 10-ум ва Қазоқистон мақоми охиринро касб кардаанд. Дар бозии ниҳоӣ имрӯз Озарбойҷон ва Туркия байни ҳам сабқат мекунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






