Мусобиқаи футбол барои поси хотираи Тер-Казарян
Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади тарғиби футбол миёни наврасону ҷавонон ва бахшида ба хотираи мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Тер-Казарян аз санаи 18 то 22 июни соли ҷорӣ мусобиқаи ҷумҳуриявии футболро миёни наврасони солҳои таваллуди 1998-1999 дар ноҳияи Нуробод доир менамояд. Дар мусобиқа ширкати дастаҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, водии Рашт ва шаҳру навоҳии тобеи марказ дар назар аст. Инчунин, бо ибтикори ин кумита рӯзҳои 28-30 июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини самбо ва самбои муҳорибавӣ барои дарёфти ҷоизаи Клуби варзишии «Ланглиф» миёни ҷавонон ва калонсолон доир мегардад. Дар мусобиқа, ки аз рӯи вазнҳои 52, 57, 62, 68, 74, 82, 90, 100,+100 кг сурат мегирад, варзишгарони ин риштаи варзиши вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ, шаҳри Душанбе, шаҳру навоҳии тобеи марказ, минтақаи Рашт, водии Зарафшон, МД «Маҳорати олии варзишӣ», Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, «Ҳосилот» ва ССКА бо ҳам рақобат хоҳанд кард. Ҳамчунин Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ тасмим гирифтааст, ки рӯзҳои 20-24 июн дар шаҳри Норак мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба тенниси майдонӣ миёни наврасону ҷавононро доир менамояд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






