Мусобиқаи волейбол миёни кормандони тиб
Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Аз 15 июни соли равон дар варзишгоҳи коллеҷи ҷумҳуриявии тиббии Тоҷикистон мусобиқаи волейбол байни дастаҳои мардона ва занонаи Вазорати тандурустӣ идома дорад. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ иттилоъ доданд, мусобиқаи мазкур аз 15 июн то 6 июли соли ҷорӣ байни дастаҳои варзишии мардона ва занонаи муассисаҳои соҳа, бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ, таҷлили зодрӯзи алломаи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, иди касбӣ – Рузи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 22-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад. Ҳадаф аз баргузории мусобиқа ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, ташкил ва эҳё намудани дастаҳои волейбол дар муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ ва муайян намудани дастаҳои ғолиб дар байни онҳо мебошад. Дар мусобиқа 20 дастаи мардона ва 10 дастаи занона аз муассисаҳои соҳа байни ҳам қувваозмоӣ мекунанд. Ғолибон бо ҷом, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи Кумитаи тадорукот қадршиносӣ хоҳанд шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






