Мусодираи 41 кило ҳашиш аз сокини деҳаи Гулобод
Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Аз ҷониби кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе зимни гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор шаҳрванд Сафаралӣ Қудбиддинов, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ дастгир карда шуд.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ВКД иттилоъ доданд, дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 18 адад халтаи полиэтиленӣ, ки дар дохилашон 9 килою 088 грамм маводи нашъадори бангдона буд, дарёфт ва мусодира карда шуд. Ҳамчунин аз ҷониби кормандони ҳамин Раёсат бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор шаҳрванд Ҳавасмоҳ Холова, соли таваллудаш 1977, сокини деҳаи Гулободи ноҳияи Ваҳдат дастгир шуд, ки ҳангоми тафтиши ҳавлии истиқоматиаш 2 адад халтаи полиэтиленӣ, ки дар дохилашон 41 кило маводи нашъадори ҳашиш буд, дарёфт ва мусодира шуд. Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки маводи дарёфтшуда ба шаҳрванд Усмон Холов, соли таваллудаш 1994, сокини деҳаи Гулобод тааллуқ доштааст. Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






