Мусодираи беш аз 200 кг маводи нашъаовар
Душанбе, 26 июн. (АМИТ «Ховар»). — Аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2013» якчанд чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ оид ба ошкор ва дастгир кардани шахсоне, ки ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар машғуланд, гузаронида шуд. Аз Агентии мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар рафти гузаронидани ин чорабиниҳо аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 200 кг маводи нашъаовар дарёфт ва мусодира шуд. Барои содир кардани ҷиноятҳои мухаддиротии мазкур 4 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дастгир шуданд. Амалиёти якумро бо истифодаи усули «таҳвили назоратшаванда» кормандони оперативӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд гузаронида, дар натиҷа 50 кг ҳашиш мусодира карданд. Кормандони Агентӣ амалиёти навбатиро дар ҳудуди ноҳияи Дарвози ВМКБ, ки бо вилояти Бадахшони Афғонистон ҳамсарҳад аст, дар вақти амалӣ намудани хабари оперативӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 152 кг афюнро мусодира намуданд. Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






