Мусодираи маводи мухаддир аз зани 37 сола
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар» Фарзонаи Давлат).- Дарёфт ва мусодираи беш аз 5 кило маводи нашъадори «афюн» аз як зани 37-сола.Тавре сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар медиҳад,аз ҷониби кормандони шуъбаи Вазорат дар ноҳияи Дарвоз зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор шаҳрванд Дилбар Саъдуллоеваи 37-сола, сокини ноҳияи Рӯшон боздошт шуд. Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии ӯ 1 халтаи полиэтиленӣ, ки дар дохилаш 5 килою 427 грамм маводи нашъадори «афюн» буд, дарёфт ва мусодира гардид. Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






