Мусодираи маводи нашъаовар
Душанбе, 26 июн. (АМИТ «Ховар»). – Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ҷараёни амалиёти «Кӯкнор – 2013» барои ошкор ва дастгир намудани қочоқчиёни маводи нашъаовар якчанд амалиёти фавриро роҳандозӣ намуданд. Тавре ки аз Агентии назорати маводи нашъаовар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 50 килограмм ҳашиш мусодира гардида. Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар ҳамчунин дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 152 килограмм афюнро мусодира намуданд.
4 нафар дастгиршудагон ба ТНМ Агентӣ ворид карда шуданд. Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноӣ кушода шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






