Музокироти давлатии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмӣ
Душанбе, 24 июн (АМИТ «Ховар»).-Баррасии муфассали дурнамои муносибот ва ҳамкории ду кишвар дар музокироти сатҳи олии сарони ду давлат бо иштироки ҳайатҳои расмӣ идома ёфт.Тавре таъкид гардид, ки Тоҷикистону Кувайт метавонанд, дар соҳаҳои гуногуни ҷаёти ҷомеа, аз ҷумла сиёсати минтақавию ҷаҳонӣ, иқтисод, савдо ва сармоягузорӣ, энергетика, роҳсозӣ, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, илму техника, сайёҳӣ ва ғайра ҳамкории густурдаи барои ҳарду ҷониб судбахш дошта бошанд.Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки роҳбарони олии ду давлат ва ҳам роҳбарияти ҳукумати ду кишвар ба ин кор ҳавасмандии устувор доранд.Имзои 6 санади нави ҳамкорӣ, ки дар ҳузури сарони ду давлат ва ҳайатҳои воломақом сурат гирифт, аз ин гувоҳии возеҳ медиҳад. Санаҳои имзошуда инҳоянд:Созишномаи байниҳукуматӣ доир ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, махсус ва хизматӣ;Созишномаи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар;Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя;Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм;Созишномаи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ;Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кувайтии рушд.Ҳамчунин Баёнияи муштараки роҳбарони ду давлат нашр гардид, ки дар он нуктаҳои муҳимтарини мулоқоту музокироти дуҷониба ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дарҷ гардидааст.Бояд таъкид дошт, ки имзои боз чанд санад зимни мулоқотҳои дигари Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва миёни сохторҳои соҳибкории ду кишвар дар назар аст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






