Нақши Ваҳдати миллӣ аз диди энергетикҳову саноатчиён
Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷаласаи васеи кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаву корхонаҳои тобеи вазорат баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ муовини вазири энергетика ва саноат Хайрулло Маҳмадуллоев кушода, дар бораи нақши Ваҳдати миллӣ дар дастовардҳои иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика ва саноат, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа ибрози назар намуд.Баромадкунандагон оид ба моҳият ва аҳамияти Ваҳдати миллӣ, барқароршавии сулҳ ва амнияту осоиш дар ҷумҳурӣ, зарурат ва ҳифзи сулҳу ваҳдати бо заҳматҳои зиёд бадастомада, баимзорасонӣ ва татбиқи нақши Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, дар сарҷамъ ва ба ҳам овардани миллати тоҷик, таъмини якпорачагии сарзамини тоҷикон сухан ронда, қайд намуданд, ки маҳз бо шарофати он дар Тоҷикистон заминаҳои рушду пешрафт фароҳам омада, ҷумҳурӣ ба комёбиҳову дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гардид ва дар ҷаҳони муосир мавқеи махсус пайдо кард, ки нақши роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин дастовардҳо сазовори қадрдонист.Сипас дар толор оид ба раванди талошварзиҳо ва истиқрору устуворгардонии сулҳу ваҳдати бадастомада дар ҷумҳурӣ наворҳо намоиш дода шуд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






