Намоиши филмсозони ҷавони Россия дар Душанбе
Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- 22 июн дар Хонаи кинои Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон филмҳои кӯтоҳи ҳунарии синамогарони ҷавони Россия ба намоиш гузошта мешаванд. Аксарияти ин филмҳо эҷоди донишҷуён ва хатмкунандагони Донишкадаи умумироссиягии кинематография ба номи С.А.Герасимов мебошанд.Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ба ин васила синамогарони ҷавони Тоҷикистонро бо дастовардҳои ҳамсолону ҳамкасбонашон ошно намуда, равандҳои ҳунарӣ, ғоявӣ ва мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ қарор доштаи синамогарони ҷавону муосири Россияро рӯнамоӣ намояд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов иттилоъ дод.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






