Низоми нави дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ

Июнь 13, 2013 10:01

Душанбе, 13 июн. (АМИТ «Ховар»). — Аз 15 то 22 июни соли ҷорӣ дар доираи озмоиши калони низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон дар 7 марказҳои имтиҳонӣ, ки аз тарафи Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” дар чор минтақаи ҷумҳурӣ (шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хоруғ, Хуҷанд) таъсис дода шудааст, супоридани имтиҳонҳо баргузор мегардад. Аз МД “Маркази миллии тестӣ” иттилоъ доданд, ки ҳар як иштирокчӣ тибқи нишондодҳои даъватномаи дастрасгардида, бо назардошти рӯйхат, макон, замон ва вақти баргузории имтиҳонҳо метавонад ба марказҳои имтиҳонӣ ҳозир шавад. Иштирокчӣ аз рӯи ду компонент- компоненти А: имтиҳонҳои тести умумӣ ва хаттӣ (эссе); компоненти Б: имтиҳони тести тахассусӣ вобаста ба кластери интихобгардида имтиҳон месупорад.Ёдрас мешавем, ки бо мақсади санҷиши тартиб, расмиёт ва ҷузъиёти низоми нави қабули довталабон «Маркази миллии тестӣ» давоми моҳҳои март-июни соли 2013 дар ҷумҳурӣ озмоиши низоми навро гузаронида истодааст, ки дар озмоиши мазкур хонандагони синфҳои 10-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.Низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ муҷаҳҳаз ба технологияи муосир буда, бо мақсади арзёбии дониш ва таъмини баробарҳуқуқии довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ таҳия гардидааст. Ба озмоиш 407 тахассус аз 29 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ворид шудааст.

Июнь 13, 2013 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд