Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Кувайт
Душанбе, 23 июн (АМИТ «Ховар»).-Мулоқоту музокироти сатҳи олии миёни Тоҷикистону Кувайт бегоҳии рӯз баргузор гардид.Баррасии муфассали роҳҳои таҳким ва густариши ҳамкории ду кишвари дӯст дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ сурат гирифт.Дар оғози мулоқот маросими супурдани мукофотҳои олии давлатӣ баргузор гардид. Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо олитарин мукофоти давлати худ ордени “Муборак Алкабир” сарфароз намуд.Аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” сарфароз гардонида шуд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат изҳор дошт: “Дар татбиқи стратегияи созандаи минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистон густариш ва таҳкими робитаҳо бо кишварҳои араб аз ҷумлаи самтҳои муҳимтарин ба шумор меравад ва нисбати Давлати Кувайт мо таваҷҷуҳи хос дорем”.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






