О. Оқилов: «Ба зимистон аз имрӯз бояд омода шуд»

Июнь 10, 2013 14:40

Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Имрӯз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ҷаласаи навбатии ситоди ҷумҳуривӣ оид ба омодагӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 баргузор гардид. Дар ситод оид ба ҷараёни омодагиҳо ба давраи тирамоҳу зимистони дар пешистода ахбороти шахсони масъул шунида шуд. Тавре таъкид шуд, бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014» дар тамоми сохторҳои мамлакат, ба истиснои соҳаҳои алоҳида нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, ситодҳои фаврӣ таъсис шудаанд. Оқил Оқилов масъулони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ва роҳбарияти вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро вазифадор кард, ки аз имконоту захираҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, иҷрои корҳои авалиндараҷа, аз ҷумла таъмиру барқарорсозии иншооти энергетикӣ, роҳу нақлиёт, афзун намудани истиқроҷи ангиштсанг ва зиёд намудани захираи он, бештар намудани шумораи нуқтаҳои фӯруши ангиштсанг ва гази моеъ дар маҳалаҳои аҳолинишинро таъмин намуда, барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон аз ҳозир ҳамаҷониба омодагӣ бинанд.

Июнь 10, 2013 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд