Обхезӣ дар Аврупо

Июнь 5, 2013 16:04

Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар»). – Бар асари обхезӣ дар Аврупо 10 нафар ҳалок гардидааст. Дар ин қитъа аз офати табиӣ 7 кишвар зарар дида, оқибати ҷиддии он бештар дар Чехия, Олмон ва Австрия ҳис карда мешавад.хххБа мансабдорони Русия барои иҷрои корашон баҳо дода, дар баробари ин мансабдорони номуваффақро аз мукофотҳо маҳрум месозанд. Ин қарори ҳукумат бояд то 15 июл тасдиқ гардад. хххНазар ба изҳороти вазири корҳои хориҷии Фаронса Лоран Фабиус, дар Сурия гази ҷангии зарин борҳо мавриди истифода қарор гирифтааст. Фабиус зикр намуд, ки дар мавриди истифодаи ин моддаи заҳролудкунанда далелҳои раднашаванда дорад. хххЯк нафар корманди консулгарии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ветнам барои гирифтани пора дар ҳаҷми миллионҳо доллар ҳукм карда шуд. Ин шахси амрикоӣ то моҳи сентябри соли 2012 роҳбарии шӯъбаи консулгарии ИМА дар шаҳри Ҳошиминро ба ӯҳда дошт.

Июнь 5, 2013 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд