Омузиши таҷрибаи коҳиш додани хавфи офати табиӣ
Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 18 июн дар шаҳри Душанбе мулоқоти мушорикон ҷиҳати коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ баргузор мегардад, ки мақсад аз он омӯхтани таҷрибаи беҳтарин ва додани тавсия ба манзури рушди минбаъда мебошад. Дар ин бора аз намояндагии Оксфам дар Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд. Мулоқот зимни ҳамкорӣ бо Оксфам, Барномаи рущди СММ, ЮНИСЕФ, Созмони умумиҷаҳонии тиҷорат, Маркази шафқат бо дастгирии молиявии Раёсати ёрии башардӯстона ва ҳифзи шаҳрвандии Комиссияи Аврупо роҳандозӣ шудааст. Созмонҳои зикршуда барои вусъат бахшидани нерӯи мавҷудаи кишвар дар амри омодагӣ ва ҷилавгирии офатҳои табиӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ, Вазорати маориф ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич доранд. Мақсад аз ин чорабинӣ омӯхтани таҷрибаи беҳтарин барои коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ ва пешниҳоди тавсияҳо барои фаъолияти минбаъдаи ин бахш мебошад. Иштирокдорони мулоқот метавонанд масоили коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар бахши маориф ва тандурустиро муфассал мавриди муҳокима қарор диҳанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






