Озмуни «Ҷаҳони орӣ аз маводи нашъаовар»
Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар»). – Агентии назорати маводи нашъаовар ба манзури ташвиқу тарғиби тарзи солими зиндагӣ ба ташаккули ҳисси бадбинӣ нисбат ба маводи нашъаовар аз овони кӯдакӣ, дар ҳошияи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо маводи нашъаовар иқдомоти гуногунро рӯи кор меорад. Назар ба хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар, имсол Агентӣ бо дастгирии Созмони башардӯстонаи «СПИД Бунёди Шарқу Ғарб» — и Голландия байни кӯдакону наврасони минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон якчанд озмунҳои расму сурат дар мавзӯи мубориза бо маводи нашъаоварро ташкил намуд. Озмуни якум 30 май дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва сипас дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд баргузор гардид. Ҳамчунин 11 июн дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон чунин озмун ташкил гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






