Парчами Тоҷикистон дар шаҳри Барнаул барафрохта шуд

Июнь 4, 2013 15:40

Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).- Бахшида ба ҷашни 40-солагии Донишгоҳи давлатии Олтойи Федератсияи Русия дар шаҳри Барнаул нахустин Анҷумани муассисони Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё баргузор гардид. Дар ҷараёни Анҷумани мазкур аз ҶТ муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Қудрат Давлатов иштирок намуда, Тоҷикистон ва ДМТ-ро муаррифӣ намуд. Бояд зикр намуд, ки дар ин анҷуман намояндаҳои 32 донишгоҳ, аз давлатҳои Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Русия, Тоҷикистон, Тайланд ва Чин ширкат варзиданд. Маросими тантанавии барафрохтани парчами давлатҳое, ки донишгоҳҳояшон аъзои Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё будаанд, бо иштироки меҳмонон аз 8 давлати аъзои ассотситатсия, губернатори кишвари Олтой А.Б. Карлин, раиси шаҳри Барнаул И. Савинец ва ҳайати устодон ва донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Олтой баргузор гардид. Дар ин чорабиние, ки дар майдони марказии шаҳри Барнаул доир шуд, парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барафрохта шуд. Аз ҷониби ар натиҷаи овоздиҳӣ Президенти ассотсиатсия ректори Донишгоҳи давлатии Олтой С.В. Землюков ба муддати 2 сол интихоб гардид. Баъди интихоби Президенти ассотсиатсия ректори ДМТ профессор Маҳмадюсуф Имомовро ноиби Президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё интихоб карданд. Дар ин чорабинӣ аз ҷониби ректори Донишгоҳи давлатии Олтой ба унвонии Маҳмадюсуф Имомов, ректори ДМТ «Раҳматнома» барои дастгирии ташкили ассотсиатсия ва иштироки фаъоли намояндаи Тоҷикистон дар кори он супорида шуд.

Июнь 4, 2013 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд