Парлумон ба қонуни Буҷети давлатӣ тағйирот ворид месозад

Июнь 17, 2013 14:46

Душанбе, 17 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки 17 июн таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, маҷмӯи масъалаҳои марбут ба рушди бахшҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар матраҳ гардиданд. Аъзои Шӯро лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ», «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ»-ро баррасӣ карданд. Дар ҷаласа ҳамзамон Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии зеристгоҳи барқии Регар-500 кВт», Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин вобаста ба лоиҳаи «Низоми худкори идоракунии нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе -«Шаҳри бехатар» муҳокима шуданд.Ҷиҳати боз ҳам такмил додани лоиҳаи қонунҳои зиркгардида раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Саиди Ёқубзод, Марҳабо Ҷабборова, Сафаралӣ Раҷабов, Убайдулло Давлатов, Маҳмадалӣ Ватанов, Олим Салимзода ва дигар аъзои Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат фикру андешаҳояшонро иброз доштанд.

Июнь 17, 2013 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад