Парлумон «Шаҳри бехатар»-ро ба тасвиб расонд
Душанбе, 19 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар оянда дар пойтахти Тоҷикистон -шаҳри Душанбе лоиҳаи «Низоми худкори идоракунии нақлиётӣ, ки «Шаҳри бехатар» ном дорад, амалӣ мешавад. Дар робита ба ин, 19 июн вакилони Маҷлиси намояндагон Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин вобаста ба лоиҳаи «Низоми худкори идоракунии нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе -«Шаҳри бехатар»-ро ба тасвиб расониданд. Ҳадафи Созишномаи мазкур таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои шаҳри Душанбе, муҳайё намудани шароити амн барои ҳамлу нақли бор ва мусофирон, ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон аст. Инчунин самти он ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасонии воситаҳои нақлиётӣ ва гузаронидани мониторинг ва мушоҳидаҳои видеоии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва сабти худкори қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ нигаронида шудааст. Сафаралӣ Наҷмиддинов-вазири молияи ҷумҳурӣ дар гузориши худ таъкид кард, ки ҷалби қарзи мазкур бо шартҳои стратегияи идоракунии қарзҳои берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст. Ҳаҷми умумии татбиқи лоиҳаи мазкур 22,9 миллион $-и амрикоиро ташкил дода, он дар зарфи 20 сол баргардонида мешавад. Маврид ба ёдоварист, ки ин санад зимни сафари расмии Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин дар моҳи майи соли равон ба имзо расидааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






