Пешгирии нашъамандӣ дар байни донишҷӯён
Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Кормандони шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони шуъбаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар хобгоҳи донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисод вохӯрии пешгирикунандаи зиддинашъамандиро дар байни донишҷӯён баргузор намуданд.Дар вохӯрӣ кормандони агентӣ дар бораи маводи нашъаовари синтетикӣ, усулҳои пешниҳод кардани ин мавод аз тарафи нашъаҷаллобон ва зарари онҳо ба ҷисми инсон нақл намуданд. Инчунин рақамҳои телефони «Боварӣ» ва сомонаи агентиро ба иштирокчиён пешниҳод намуда, ба онҳо хотирасон намуданд, ки дилхоҳ вақт метавонанд оид ба саволҳои пайдошуда чӣ ба таври ошкоро ва чӣ ба таври махфӣ аз мутахассисон дар мавзӯи мазкур маслиҳат пурсанд. Кормандони шуъбаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе низ оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон суҳбатҳои судманд доир намуданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






