Рӯзҳои фарҳанги Украина дар Тоҷикистон
Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода ). – 24 июн дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Украина дар Тоҷикистон оғоз меёбад.Тавре ки аз Вазорати фарҳанги кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар чаҳорчӯбаи ин чорабинӣ бо иштироки дастаи созу навои «Древляне», оркестри академии миллии асбобҳои халқии Украина ва раққоса Елена Проскурякова консерт баргузор мешавад. Дар рӯзҳои фарҳанг ҳамчунин Ҳафтаи синамои Украина доир гардида, дар ҷараёни он филмҳои «Аз пайи ду харгӯш» ва «Фақат мӯйсафедон ба ҷанг мераванд» намоиш дода мешаванд.Рӯзҳои фарҳанги Украина 27 июн анҷом меёбанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






