Рӯзи дарҳои боз
Душанбе, 8 июн (АМИТ «Ховар»).- 7 июни соли ҷорӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ бахшида ба садо додани занги камолот дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ барои талабагони мактаб-интернати № 4-и пойтахт рӯзи дарҳои боз эълон намуд. 180 нафар хонандагони синфҳои 5 то 9 ин мактаб дар маҷлисгоҳи Вазорат ҷамъ омаданд, то бо Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот дошта бошанд. Вазир устодону хонандагонро хайрамақдам гуфта, қайд намуд: “Имрӯз толори мо аз ҳарвақта хеле зебо шудааст, зеро шумо дар ин ҷо ҷамъ омадед. Ҳар як корманди Вазорати корҳои хориҷӣ шод аст, ки сарпарастии мактаб-интернат, ки шумо дар он таҳсил мекунад бар дӯши ин ниҳод аст”. Вазири корҳои хориҷӣ таъкид сохт, ки ин бинои зебою бо тарҳи миллии тоҷикӣ ва аврупоӣ сохташуда, бо ташаббуси бевоситаи Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи аз ҳама зебои пойтахт сохтаю мавриди истифода қарор гирифт. Ва ҳар яке аз толибилмони дар ин толор ҳузурдошта ба шарти хубу аъло таҳсил намудану омӯхтани забонҳои хориҷӣ имконияти дар оянда дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карданро пайдо менамояд. Вазир эълон дошт, ки аз ин сол шурӯъ ҳамасола хатмкунандагони беҳтарини ин мактаб бо роҳхатҳо барои истироҳат дар лагери тобистона мукофонида мешаванд. Ҳамзамон аз бачаҳо даъват намуд, то баҳри ободониву зебогии кишвари азизамон таҳсилашонро беҳтар намоянд. Дар охир ба ҳамаи онҳо сиҳатию саломатӣ ва хониши хубу аъло таманно намуд. Баъди суханронии Вазир, хонандагон шеърхонӣ намуда, барои ғамхории доимӣ ба роҳбарияти кишвар изҳори сипос намуданд. Дар фарҷом барои мактаббачаҳо зиёфат ороста шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






