Рӯзи ваҳдату мусолиҳаи миллӣ таҷлил мешавад
Душанбе, 26 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 27 июн дар Тоҷикистон 16 – умин солгарди Рӯзи ваҳдату мусолиҳаи миллӣ таҷлил шуда, вобаста ба ин 27 июн рӯзи истироҳати расмӣ ба шумор меравад. Чун 27 июн ба рӯзи корӣ, яъне ба рӯзи панҷшанбе рост меояд, мувофиқи Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид дар Тоҷикистон» ба рӯзи дигар гузаронида намешавад. Ба ҳамин тариқ, сокинони Тоҷикистон як рӯз, 27 июн истироҳат намуда, 28 июн рӯзи корӣ ба шумор меравад. Дар ин бора мудири шӯъбаи ҳуқуқи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзиев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод. Хотирнишон месозем, ки соли 1997 дар ин рӯз дар шаҳри Маскав Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ дар ҳузури нахустпрезиденти Федератсияи Русия Борис Елсин Созишнома «Дар бораи принсипҳои барқарор намудани сулҳу ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» — ро имзо намуда буданд. Ин созишнома ба ҷанги шаҳрвандӣ, ки дар он беш аз 100 ҳазор нафар ҳалок шуда буданд, хотима бахшид. Мувофиқи анъана дар ин рӯз дар тамоми кишвар чорабиниҳои оммавии идона роҳандозӣ шуда, консерт ва ҷашнвораю ярмаркаҳо доир мегарданд. Мардуми кишвар дар ин рӯз хотираи қурбониёни ҷанги шаҳрвандиро ёд мекунанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






