Рейди навбатӣ дар қатораҳои Душанбе-Москва
Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Назорати нақшавии гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар саристгоҳи Роҳи оҳани Душанбе доир шуд. Аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки гуруҳи корӣ қатораи навбатиеро, ки ба самти Федератсияи Россия, шаҳри Москва омодаи сафар буд, аз назар гузарониданд. Вазъи санитарӣ дар дохили қатора ва тамоми ашёву анҷоми зарурии он аз назар гузаронида шуд. Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳи гуруҳи корӣ бештар ба тозагии қатора ва ҷои хобу нишастгоҳҳо, тазагии рахти хоб, вазъи санитарии ҷойҳои махсуси хӯроктайёркунӣ, асбобу анҷоми кори тарабхона, яхдону кондитсионерҳо ва зарфҳои хӯрокххӯрӣ зоҳир гардид. Бо вуҷуди нав набудани қатораи мазкур тамоми шароити дохили он ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ дониста шуд. Нозирон ба гуруҳи корие, ки омодаи сафар аст, барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонӣ ва ҳифзи саломатии мусофирон маслиҳатҳои судманд доданд.Ба гуфти манбаъ, чунин назоратҳо тибқи нақшаи кории Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба таври мунтазам бо иштироки роҳбарону масъулони соҳа доир мегарданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






