Риоя нашудани қоидаи ҳаракат-сабаби марги инсон
Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).– Ҳафтаи гузашта дар натиҷаи аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадан ва қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накардан як чанд садамаи нақлиётӣ рух дод, ки боиси ҳалокати чанд нафар гардид. Аз ҷумла 17 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Норак мошинаи тамғаи «Honda CR-В», таҳти идораи ронанда Тоҷиддин Зарифов ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Душанбе бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба қафои мошинаи тамғаи «Dolan», ронандааш Файзулло Сайфуллоев бар мехурад, ки дар натиҷа мусофирони дохили мошинаи тамғаи «Honda CR-В» Атобек Ашуров ва Саидхон Сатторов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. 19 июни соли равон дар ноҳияи Бохтар мошинаи тамғаи «Opel Astra», таҳти идораи ронанда Алишер Ширинов ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Қурғонтеппа ба самти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳудуди деҳаи Кунар, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба сангтудаи канори роҳ бар мехурад, ки дар натиҷа худи ронанда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ҳалок мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






