Ривоҷи ҳамкорӣ бо ҳамтоёни русиягӣ
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш роҳбари Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Мақсуд Зиёбоев ва президенти Палатаи савдои Урали Ҷанубии Федератсияи Русия Фёдор Диктарёв дар шаҳри Хуҷанд созишномаи ҳамкориро имзо намуданд. Мувофиқи хабари хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, яке аз омилҳои имзои созишномаи ҳамкории байни ҳар ду палатаҳои савдо, сафари расмии роҳбари палатаи савдои вилоят Мақсуд Зиёбоев ба Федератсияи Русия буд. Созишнома ҳамкорӣ дар амри рушду таҳкими равобити иқтисодии хориҷии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Челябински Федератсияи Русия, инкишофи ҳамкории иттилоотию машваратӣ ва табодули таҷрибаро дар назар дорад.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






