Роҳҳои Ашту Ғончӣ мумфарш мешаванд
Душанбе, 5 май. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов). — Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ҳангоми боздид аз ноҳияҳои Ашту Ғончӣ гуфтааст, мумфаршкунии кӯчаҳои асосии марказҳои ин ноҳияҳо рӯзҳои наздик шуруъ мешавад. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ дода, афзудааст, ки ҳамчунин Қоҳир Расулзода дар ҷараёни сафараш аз маркази хизматрасонии «Файз» ва ҶДММ «Ороста»-и ноҳияи Ғончӣ дидан карда, дар ноҳияи Ашт ба фаъолияти яхдони нигаҳдории меваҳо, ки аз ҷониби соҳибкор Пӯлод Ашӯров бунёд шудааст, ошно шуд. Гуфта мешавад масоҳати яхдони мазкур 625 метри мурабаъ буда, дар як вақт то 200 тонна мева дар он нигоҳдорӣ мешавад. Дар он 50 нафар бонувони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд ва маоши якрӯзаашон 35-40 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар маркази ноҳияи Ашт бо сарфи 1 миллиону 900 ҳазор сомонӣ толори варзишии замонавӣ бино намудаанд, ки рӯзҳои наздик он мавриди истифода қарор мегирад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






