Рушди ҳамкорӣ
Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 19 июн дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон президенти академия Ирина Каримова ва ноиби аввали ректори Донишкадаи политехникии Новочеркасски Федератсияи Русия Николай Горбатенко шартномаи ҳамкории байналмилалӣ аз рӯи масоили рушди таҳсилоти омӯзгориро имзо намуданд. Дар ин бора аз Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд. Мувофиқи суханони манбаъ, дар шартнома роҳандозии фаъолияти муштараки илмию тадқиқотӣ ва ҷиҳатҳои дигари кори якҷоя, ҳамчунин тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳаҳои тадқиқотӣ, мубодилаи барномаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои педадгогӣ пешбинӣ шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






