Рушди хазинаи миллии генетекии чорводорӣ
Душанбе, 17 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Интизор меравад, ки ояндаи наздик Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» -ро қабул намояд. Лоиҳаи қонуни мазкурро 17 июн аъзои Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат барасӣ намуд. Зикр шуд, ки лоиҳаи ин қонун асосҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии ташкили зотпарвариро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дар соҳаи мазкур машғулбударо муайян менамояд. Инчунин дар рушди хазинаи миллии генетикии чорводорӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши муассир мебозад. Лоиҳаи қонуни мазкур роҳҳои ташкили фаъолияти субъектҳои соҳаи зотпарварӣ, тартиби аттестатсияи ин субъектон ва намудҳои онҳо, самтҳои асосии фаъолият, кафолатҳои онҳо, тартиби бақайдгирии маводи зотӣ, тартиби эътирофи маводи зотӣ ҳамчун зот, тартиби баҳодиҳӣ, фурӯш, воридот ва содироти маводи зотиро ба танзим медарорад. Инчунин, дар лоиҳаи қонун тартиби такрористеҳсолкунии ҳайвонот, шартҳои истифодаи онҳо, тартиби такмил ва офаридани зотҳои нави ҳайвонот, ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи зотпарварӣ ва ҳалли баҳсҳо дар ин соҳа пешбинӣ гардидааст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






