Рўзи баҳамоии кўдакон дар Ҳисор
Душанбе, 3 май. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).-Рўзи умумиҷаҳонии муҳофизати кўдакон, яъне 1-уми июн бо Рўзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист-5-уми июн дар як ҳафта рост меояд. Ба ин муносибат 31-уми майи соли равон дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор рўзи умумиҷаҳонии муҳофизати кўдакон ба таври хотирмон таҷлил гардид. Дар як гўшаи даромадгоҳ кўдакону наврасон дастранҷи сохтаи худро ба маърази тамошо гузоштанд. Раиси ноҳияи Ҳисор Усмоналӣ Сабзов тамоми кўдаконро ба муносибати ид табрику таҳният намуда, дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри дар руҳияи ватандўстиву худогоҳии миллӣ ба воя расондани онҳо таъкид намуд. Зикр шуд, ки бо мақсади тарбияи экологии наврасону мактаббачагон ҷиҳати ташаккули ҳисси табиатдўстиву муносибати ғамхорона ба муҳити зист дар охири моҳи майи соли равон озмуни ноҳиявии «Ояндаи табиат дар дасти мост» (бо 9 номгўи эҷодӣ), бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зист, дар байни мактабҳои ҳудуди ноҳия эълон гардид ва дар озмун кӯдакон аз 23 мактаб, як боғчаи кўдакона ва маркази санъату эҷоди кўдакони ноҳия иштироки фаъол доштанд. Ба ғолибони озмун туҳфаҳои хотиравӣ, инчунин ифтихорномаҳои раиси ноҳия ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия тақдим карда шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






