Сафсатаҳои навбатии «Ватандор»-и беватан

Июнь 17, 2013 11:34

Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҷомеаи имрўзаи Тоҷикистон нафароне, ки дар зери ниқоби манфиатҳои миллӣ худро «ватандўст» муаррифӣ мекунанд, зиёданд. Ин гуна шахсон таҳти шиори «ҳимояи» манфиатҳои халқ ба танқиди Ҳукумати вақт пардохта, ба фоидаи худ ва хоҷагони хориҷиашон амал мекунанд. Яке аз чунин шахсиятҳои «маъруф» ва «шинохта» Додоҷони Атовулло буда, тариқи шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» ва шабакаи телевизионии хориҷии «К+» пайваста ба сиёҳ намудани ходимони давлатии кишвар машғул аст. Хонандаи гиромӣ! Сараввал бояд шахсияти Додоҷонро шинохт ва ба суханҳои таҳқиромези ў баҳо дод! Роҳбари ҳаракати сиёсии «Ватандор», ба гуфтаи баъзеҳо, нафари озодандеш ва солимфикр аст. Аммо аз забони ин гуна шахс фақат туҳмату таҳқири Президент ва роҳбарони мақомоти қудратии кишвар садо медиҳанду халос! Шояд ҷаноби Атовуллоев фақат таҳқирро аз бар кардааст? Ё агар ин журналисти «тезқалам» ба сиёҳ кардани шахсияти Сарвари давлат ва Хукумат даст назанад, хоҷагонаш ўро ҷазо медиҳанд? Албатта ҷазо медиҳанд! Зеро бо дастуру ҳидояти онҳо Додоҷон кор мекунад ва пули зиёд ба даст моерад. Агар ба ў кӯмаки молиявӣ накунанд, ин қадар сармоя аз куҷо пайдо кардааст, ки ҳаракати сиёсиро роҳбарӣ мекунад ва суханрониаш дар телевизионҳои хориҷӣ такрор ба такрор намоиш дода мешаванд. Бо ин амал Додоҷон худро шахси тараққихоҳ ва ғамхори мардуми тоҷик нишон додан мехоҳад. Аммо то ҳол мардуми шарифи Тоҷикистон воқеаҳои фоҷиабори солҳои 90-уми садаи гузаштаро, ки бо иғвоангезии чунин шахсон ба амал омада буд, фаромӯш накардааст. Агар ҷаноби Атовуллоев дар ҳақиқат шахси ватандўст ва дилсӯзи миллат бошад, пас чаро пешниҳоде оид ба пешравии ҷомеаи кишвар намекунад? Шарт нест, ки шахси тараққихоҳ дар сари ягон вазифаи баланд бошад! Зеро нафари озодандеш чи дар сари вазифа ва ё чи дур аз Ватан ҳам бошад, фақат фикри ободии кишварашро мекунаду халос. Барои ин гуна шахс аз ҳама чизи муҳим манфиатҳои халқи худаш ба ҳисоб меравад ва барои ноил шудан ба ин мақсад курсӣ талаб намекунад. Афсӯс, ки ин гуна фикрҳо дар мафкураи Атовуллоев ҷой надоранд ва мақсади асосии ў бо кӯмаки хоҷагони хориҷиаш ғайр аз соҳиб шудан ба курсии мансаб, чизи дигаре нест! Хуб мешуд, ки ҷаноби Атовуллоев ба ҷойи танқиди Ҳукумат бо хоҷагони хориҷии худ забон як карда, ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик кӯмак мерасонд. Аммо мо медонем, ки вай чунин амалро ҳаргиз анҷом намедиҳад, зеро аз он мардуми оддӣ манфиат мебинад, на худи Додоҷон. Бояд хотирнишон кард, ки ҳамаи суханронӣ ва барномаи фаъолияти Д. Атовуллоев фармоишӣ буда, ў барои иғвои навбатӣ омодагӣ дида истодааст. Вай бояд хуб дарк намояд, ки замони иғвогарию дасисабозӣ гузаштааст ва мардум ба сафсатагўиҳо ва бозиҳои пасипардагии ў ниёз надоранд. Собирҷони Аҳлиддин

Июнь 17, 2013 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад