Саховатмандиҳои ҳимматбаландон

Июнь 3, 2013 08:36

Турсунзода, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Вобаста ба ҳалли мушкилиҳои ҷойдоштаи ҷомеа баъзе шахсони саховатманде ҳастанд, ки баҳри рафъи камбудиҳо саҳми арзанда доранд. Сокини деҳаи Гулбуттаи ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода Абдусалом Калонов аз масофаи панҷ ҳазор метр оби чашмаро ба назди сокинони деҳа овард. Акнун барои ҳамдеҳагонаш мушкилоти нарасидани об ба куллӣ рафъ гардид. Хушбахтона, дар ҷамоати номбурда чунин шахсони ҳимматбаланд хеле зиёданд. Сокини деҳаи Шӯрхоки ҷамоати мазкур Абдусаттор Қодиров барои таъмири роҳи деҳаашон чор ҳазор доллари амрикоӣ масраф намуд.

Июнь 3, 2013 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд