Сел дар ноҳияи Варзоб
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дар натиҷаи боришоти шиддатноки борон ва жола дирӯз дар деҳаи Ҳушёрии ҷамоати деҳоти Варзобқалъаи ноҳияи Варзоб сел омада, ба 3 хонаи истиқоматӣ, мактаби таҳсилоти умумии №3 ва масҷиди деҳаи Ҳушёрӣ обу лойқа даромадааст. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, сел инчунин кӯпруки байни деҳаро қисман шуста, километри 42-юми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ба масофаи 0,5 км ва роҳҳои маҳалии деҳаи Ҳушёриро ба масофаи 4.5 км аз сангу лой пур кардааст. Барои бартараф кардани ҳодисаи баамаломада2 адад техникаи ширкати «АЙРЕС» ва 30 нафар кормандони идораи баистифодадиҳии роҳҳои ноҳияи Варзоб сафарбар гардиданд. Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия дар ҷойи ҳодиса фаъолият дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






