Ш. Жао: «Э. Раҳмон ҳамеша дар фикри мардум аст»
Душанбе, 13 июн. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Шиаоу Жао як қатор масоили марбут ба рушди иқтисодии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Шиаоу Жао омодагии ҷониби БОР-ро барои густариши ҳар чӣ бештари ҳамкориҳо бо Тоҷикистон баён дошт. Ӯ афзуд, ки зимни ин дидор як қатор масоили муҳим, аз қабили маблағгузориҳои БОР ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар Тоҷикистон, дурнамои афзунгардонии маблағгузориҳо, татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои коммуникатсия, роҳҳои пайвасти заминӣ ва роҳҳои оҳан, инчунин масоили марбут ба амнияти энергетикӣ мавриди баррасии тарафайн қарор гирифт. Шиаоу Жао зикр намуд: «Аз дидори аввалине, ки бо муҳтарам Президент доштем, ӯ ҳамеша масоили некӯаҳволии мардумро дар мадди аввал гузошта, дар фикри пешрафти ҷомеа аст».«Дарвоқеъ, ин заҳматҳои Сарвари давлати Тоҷикистон бевосита дар самти эъмори ояндаи дурахшони ин миллат заминаи мусоид мегузорад»- таъкид дошт ноиби Президенти БОР.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






