Стратегияи нави миллии рушд таҳия мегардад
Душанбе, 18 июн.(АМИТ „Ховар“, Марзия Саидова).- „Алҳол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ба омода намудани стратегияи нави миллии рушд барои давраи то соли 2030 шуруъ намудааст“, -гуфт дар назди вакилони Парлумони мамлакат Шариф Раҳимзода -вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар.Вазир афзуд, ки дар ин стратегия рушди тамоми минтақаҳои Тоҷикистон дар сатҳи якхела таъмин карда мешавад. То ҷое мусаллам аст, алҳол дар ҷумҳурӣ стратегияи миллии рушд то соли 2015 татбиқ гардида истодааст. Охири соли 2012 дар ҷумҳурӣ стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии ҷомеаи Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 қабул шуд, ки самти афзалиятноки ин стратегия аз доираи сатҳи камбизоатӣ баровардани аҳолӣ ва ба сатҳи миёнаи рӯзгор расонидани онҳо нигаронида шудааст. Вазир ҳамзамон дар мавриди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи минтақаҳои куҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон“ дар Парлумон гузориш дод. Зикр гардид, ки қабули лоиҳаи қонуни мазкур ба инобат гирифтани хусусиятҳои хоси минтақаҳои куҳӣ, шароити зисти мардум, сохтмони корхонаҳое, ки дар ин минтақаҳо сохта ба истифода дода мешаванд муҳим буда, дар рушди минтақҳои куҳии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Ш. Раҳимзода таъкид кард, ки дар Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии минтақаҳои куҳии кишвар дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барои рушди баробарвазни сатҳи иҷтимоии аҳолии кишвар диққати махсус дода мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






