Суханронии Э. Раҳмон дар маросими оғози сохтмони роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон

Июнь 6, 2013 08:16

Суханронии Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози сохтмони роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон (ш. Отамурод, 5 июни соли 2013) Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Президенти Туркманистон Гурбангули Маликгулиевич Бердимуҳамедов! Ҷалолатмаоби мўҳтарам Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии АфғонистонҲомид Карзай! Бинокорони арҷманд!Хонумҳо ва ҷанобон!Мо имрўз шоҳид ва ширкаткунандаи рўйдоди таърихӣ ва дорои аҳамияти минтақавӣ ҳастем. Аз ин рўз сар карда, орзуи чандинсолаи мардумони Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон, ки аз бунёди роҳи оҳани пайвасткунандаи се кишвари бародар иборат буд, ҷомаи амал мепўшад.Ин рўйдод, бешубҳа, дар саҳифаҳои таърихи ҳамкории халқҳои мо бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид.Дар рўзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии «Наврўз» мо, сарони се давлат, дар Ашхобод санади татбиқи амалии муштараки лоиҳаи имрўзаро ба имзо расонида будем. Ва инак, имрўз, яъне баъди дуюним моҳ, ба шарофати талошҳои пайгиронаи Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбангули Маликгулиевич Бердимуҳамедов мо бори дигар дар сарзамини зебои туркманҳо ҷамъ омадем, то ки ин маросими бошукуҳи оғози бунёди роҳи нави оҳанро баргузор намоем.Мо итминон дорем, ки ин шоҳроҳи ҳамкориҳо ва азми созандаи мамлакатҳои мо на фақат беҳтарин василаи ҳаракати мусофирон ва интиқоли борҳо, балки омили муҳими таҳкими дўстиву бародарии мардумони кишварҳоямон хоҳад гашт.Аҳамияти стратегии ин роҳ на танҳо аз нигоҳи боз ҳам бештар ба ҳам наздик гаштани кишварҳо ва мардумони мо, балки дар самти ҳалли як силсила масъалаҳои минтақавии иқтисодӣ, инфрасохторӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ низ комилан возеҳ мебошад.Тавре таҷрибаву амалия собит месозад, дар ҷодаи рушди босуръат фақат давлатҳое ҳамаҷониба муваффақ мегарданд, ки миёни ҳамдигар роҳҳои хуб ва муосири иртиботӣ дошта бошанд. Гузашта аз ин, шабакаи роҳҳои мошингарду оҳан, ки аллакай бунёд ёфтаанд, ё худ сохта мешаванд, намунаи эҳёи воқеии Роҳи бузурги абрешим мебошанд.Тасодуфӣ нест, ки роҳҳои оҳанро ба «рагҳои хунгард» ташбеҳ медиҳанд. Дар ин росто дар солҳои наздик ба истифода додани роҳи нави оҳан рушди муштараки устувори моро ба хотири ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии аҳолии кишварҳоямон, таҳкими робитаҳои арзишманди башарӣ ва, албатта, боло бурдани сатҳи зиндагии шаҳрвандон имконпазир хоҳад кард.Табиист, ки қад – қади роҳи нави оҳан ва алалхусус дар атрофи истгоҳҳои он ҳаёти сокинони маҳаллӣ ва заминҳои бекорхобида ободу зебо гашта, корхонаҳо, нуқтаҳои нави савдо ва шабакаҳои хизматрасонӣ ба фаъолият шурўъ хоҳанд кард.Ин роҳ барои мураттаб боло бурдани сатҳи зиндагии мардумонамон ва муҳайё шудани имконоту ҷойҳои ҷадиди корӣ шароити мусоид эҷод хоҳад кард, ки он, дар навбати худ, ҷиҳати рушди нерўҳои созандаи кишварҳоямон заминаи мустаҳкаме хоҳад шуд.Беҳуда нест, ки дар замони муосир масъалаи бунёди роҳҳои нави байнидавлатии оҳан, бемуболиға, аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарини ҳамкориҳои минтақавӣ ба шумор меравад.Агар минтақаи мо дар маҷрои равандҳои глобалию минтақавӣ, аз ҷумла дар масири роҳҳои транзитӣ, қарор гирад, пас ин ба таҳкими тамоюлоти ҳамгироӣ такони бузург бахшида, ин қаламравро ба иттиҳоди воқеии минтақавӣ табдил хоҳад дод.Тоҷикистон, ба мисоли Туркманистону Афғонистон, ҷонибдори самимии ҳамкориҳои мукаммал ва судманди минтақавӣ мебошад. Зеро фақат эҷоди шароити мусоид барои ҳаракати озоди молу хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи корӣ имкон фароҳам месозад, ки дар солҳои наздик маҷмўи маҳсулоти дохилии кишварҳои минтақаи мо, ҳадди ақалл, ду баробар афзоиш ёбад. Зиёда аз ин, матлабе бебаҳс аст, ки Осиёи Марказӣ фақат ба ҳайси бозори ягона метавонад барои сармоягузорон ҷолиб ва муносиб бошад.Агар дар бораи кишварҳои мо сухан равад, пас бояд тазаккур диҳем, ки солҳои охир миёни онҳо робитаҳои тиҷоратӣ бо суръати баланд густариш меёбанд. Бо бунёди инфрасохтори нақлиётиву транзитӣ рушди соҳаҳои мухталифи истеҳсолот тавсеа хоҳад ёфт. Ва дар ин арса барои фаъолияти муштараки мо яқинан майдони васеъ вуҷуд дорад.Мутмаинам, ки анҷоми сохтмони роҳи нави оҳан ва дар ояндаи начандон дур мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он ба мо имкон фароҳам хоҳад овард, ки ба сўи ҳадафҳои созандаву дарозмуҳлатамон зудтар ва хубтар ҳаракат кунем.Бо истифода аз фурсати муносиб, ба дўстам Президенти Туркманистон Гурбангули Маликгулиевич Бердимуҳамедов барои даъваташон ҷиҳати ширкат дар ин чорабинии муҳими таърихӣ изҳори сипос менамоям. Ҳузури Ҷалолатмаоб, дўсти мо, Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Ҳомид Карзай низ ба ин маросим шукўҳи тозае зам кард. Иҷозат фармоед, бад-ин васила ҳамаи мардумони кишварҳоямон ва аз ҷумла тамоми ҳозиринро ба муносибати ин рўйдоди муҳим табрик гўям ва ба ҳар яки шумо саломативу саодат ва дар кору зиндагиатон, аз ҷумла дар татбиқи амалии ин тарҳи муҳим барори кор орзу намоям.Аз таваҷҷўҳатон сипосгузорам.

Июнь 6, 2013 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд