Таҷҳизоти нав барои муассисаҳои омори тиббӣ
Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Иттиҳоди Аврупо муассисаҳои омори тиббии Тоҷикистон ва сабти ақди никоҳи ҳолати шаҳрвандии Тоҷикистонро бо таҷҳизоти нав таъмин намуд, ки арзиши онҳо 350 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд. Мувофиқи суханони манбаъ, то имрӯз Иттиҳоди Аврупо муассисаҳои омори тиббӣ ва сабти ақди никоҳи ҳолатҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо 318 компютер, 160 принтер, 4 проектор, 240 модем ва 4 сервер таъмин намудааст, ки арзиши умумии онҳо 350 ҳазор евроро ташкил медиҳад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






