Таҷлили солгарди таъсисёбии АНМН

Июнь 3, 2013 11:29

Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар»). – 1 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили 14 – умин солгарди таъсисёбии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (АНМН) маҷлиси ботантана баргузор гардид.Тавре ки аз маркази матбуоти АНМН хабар доданд, муовини аввали директори Агентӣ Вайсиддин Азаматов зимни суханрониаш зикр намуд, ки кормандони Агентӣ барои ҷилавгирии қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон кори зиёдеро анҷом дода, қочоқгаронро дастгир менамоянд, фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткоронро фош мекунанд ва якҷоя бо мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ барои тартиботи ҷамъиятиро ҳифз менамоянд.Вайсиддин Азаматов ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идораҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ, ҳамчунин ба созмонҳои байналмилалӣ барои таҳти назорат қарор додани гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар изҳори миннатдорӣ кард. Мавсуф зикр намуд, ки тайи 14 соли фаъолияти Агентӣ қариб 13 тонна маводи нашъаовар мусодира гардидааст. Дар маҷлиси ботантана кормандони ҷавони Агентӣ қасами садоқат ба Ватанро ёд карда, кормандоне, ки дар фаъолияти хидматиашон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, бо ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ қадр карда шуданд.

Июнь 3, 2013 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд