Таъиноти кадрӣ
Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоро, ки ба вазифаи роҳбарӣ дар муассисаҳои таҳсилотҳои олии кишвар, соҳаи кишоварзӣ ва мақомоти корҳои дохиливу кумитаи давлатии амнияти миллӣ пешниҳод шудаанд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадқул Каримов Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, Саидамир Ҷононов Ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, Ҷамшед Ғаниев Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Ғоиб Давлатов Директори Муассисаи давлатии “Маркази идоракунии лоиҳаи “Рушди деҳот” таъин гардиданд.Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин сардорони шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Нуробод, шӯъбаи корҳои дохилӣ дар нақлиёти вилояти Хатлон ва сардори қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иваз карда шуданд.Зимни суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи халқу Ватан, давлату миллат ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ адо намудани қарзи муқаддаси ватандорию давлатдорӣ ҳидоят намуд.Ҳамчунин таъкид гардид, ки ба тарбияи кадрҳои ҷавон дар муассисаҳои олии таълимии кишвар, баланд бардоштани сифату таълими тарбия, омода намудани кадрҳои баландихтисоси дорои диду тафаккури муосир ва ҷорӣ намудани технологияҳои ҳозиразамони таълимӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






