Ташкили мактаби “Лидерони ҷавон”
Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» аз 12 то 15 июни соли равон мактаби «Лидерони ҷавон»-ро ташкил мекунанд. Дар курси кӯтоҳмуддати омӯзишии мазкур роҳбарони намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва аъзоёни фаъоли ҲХДТ ҷалб мешаванд. Дар мактаби мазкур ба ҷавонон коршиносону мутахассисони соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт, ҳуқуқ ва ғайраҳо дарс мегӯянд Инчунин дар доираи ин курс баргузории Конференсияи II «Созандагони Ватан» баргузор мегардад, ки дар он роҳбарият, Шӯрои марказӣ ва Комиссияи назоратӣ — тафтишотии ТҶҶ «Созандагони Ватан» аз нав интихоб мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






