Ташрифи соҳибкорони туркӣ ба Тоҷикистон
Анкара, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Фарангис Рахимова). — Бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Туркия роҳбарони ширкатҳои аъзои Асотсиатсияи соҳибкорони Флорияи Истамбул “FIADER» ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Туркия аз Сафорати Тоҷикистон дар Анқара хабар доданд, зимни сафар ин ҳайат бо роҳбарияти Кумитаи давлатии саромоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати кишоварзӣ, Палатаи савдо ва саноат, Вазорати энергетика ва саноат ва соҳибкорони Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, масоили имкониятҳои сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳо ва дар маҷмӯъ ҳамкориҳои судмандро муҳокима хоҳанд кард.Аз ҷумла, 17-19 июн соҳибкорони ширкати «VENDEKA Group», ки дар соҳаҳои энегетика, тавлиди таҷҳизоти илмӣ, системаи роҳсозӣ ва ғайра фаъолият мекунанд, дар Тоҷикистон ҷиҳати ҳамкорӣ мулоқотҳо баргузор хоҳанд кард. Манбаъ қайд кард, ки соҳибкорони «Ugur Group» низ ҷиҳати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ба Тоҷикистон сафар намудаанд.«Ugur Group» 12 ширкатро дар бар гирифта, дар соҳаҳои бунёди корхонаҳои ордбарорӣ, корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти соҳаи ордбарорӣ, сохтмони анборҳои нигоҳдории донагӣ, биноҳои истиқоматӣ ва меҳмонхона фаъолият менамояд. «Ugur Group» дар 50 кишвари ҷаҳон фаъолияти хешро ба роҳ мондааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






