Таъсиси Фонди махсус ҷиҳати сарфаҷӯии энергия
Душанбе, 14 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар ҷумҳурӣ Фонди рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Таъсиси Фонди мазкур дар асоси боби 10-и Қонуни Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» сурат мегирад, ки лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби вакилони палатаи поёнии Парлумон қабул карда шуд. «Ҳадаф аз таъсиси ин Фонд дастгирии давлатии сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ҷиҳати рушди соҳа ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аст», — мегӯяд Шодӣ Шабдолов- вакили Маҷлиси намояндагон. Ҳамзамон, мақсади асосии таъиноти ин Фонд дастгирии давлатии истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва маблағгузории чорабиниҳои илмӣ -амалӣ дар бахши сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия буда, он проблемаҳои ҳалношудаи сохтмон ва истифодабарии нерӯгоҳҳои хурд аз манбаъҳои гуногуни барқароршавандаи энергияро аз байн мебарад. Инчунин шароити мусоидро барои ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ муҳайё сохта, имкониятҳои иловагиро ҷиҳати бунёди мунтазами нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар кишвар фароҳам хоҳад овард. Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» дар қиёс ба қонуни амалкунанда густурдатар буда, ҷавобгӯи талаботи бозори энергетикии минтақаи Осиёи Марказист. Ба қавли Пӯлод Муҳиддинов -муовини аввали вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии сарфаҷӯӣ ва самаранкоии энергия, инчунин тартиби истифодаи сарфаҷӯёнаи захираҳо ва маҳсулоти сӯзишвории энергетикиро муайян намуда, қадами устуворест, дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- истиқлолияти энергетикӣ.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






