Татбиқи беш аз 10 лоиҳаи инвеститсионӣ
Душанбе, 28 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-« Алҳол дар ҷумҳурӣ 13 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ ба маблағи 481 миллион доллари амрикоӣ татбиқ гардида истодааст», гуфт дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми палатаи поёнии Парлумони мамлакат Руҳуллоҳ Ҳакимов-муовини вазири молияи ҷумҳурӣ. Мавсуф зикр кард, ки лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба таҷдид ва васеъ намудани низоми интиқоли неруи барқи кишвар, паст намудани талафоти нерӯи барқ тавассути иваз намудани ҳисобкунакҳои электронии барқӣ, беҳтар намудани таъминоти неруи барқ дар минтақаҳои кишвар, баланд бардоштани ҳаҷм ва эътимоднокии таъмини барқ дар ҷумҳурӣ, махусусан дар мавсими зимистонгузаронӣ, пайваст намудани системаи энергетикии кишвар ба системаи энергетикии Афғонистон ва дар ин самт ташкил намудани бозори дохилии нерӯи барқ ва гузоштани замина барои интиқоли минбаъдаи нерӯи барқ ба дигар кишварҳои минтақа мусоидат менамояд. Ҳамзамон татбиқи лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ дар мавриди таҷдид ва таъмири иншооти энергетикии кишвар нигаронида шудаанд, ки ҷиҳати самаранок истифода намудани неруи барқ ва аз бунбасти энергетикӣ баровардани ҷумҳурӣ нақши муассир мебозанд. Бояд тазаккур дод, ки ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз се ҳадафи стратегии кишварамон маҳсуб меёбад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






