Таваҷҷуҳи ҲХДТ ба варзиш ҳамчун нерӯи солимгардонии ҷомеа
Душанбе, 10 июня. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- Мусобиқаи варзишӣ дар намуди вазнбардорӣ бо ибтикори ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Сохтмончӣ»-и Агентии сохтмон ва меъморӣ 8 июн дар толори варзишии «Шаҳрофар» баргузор гардид. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур А.Қаландаров хабар дод, аз ҳайати доварон Одинаев Эраҷ, Қурбонов Юсуф ва Маллаев Сафар ба қобилияти варзишӣ ва малакаи вазнбардории 45 нафар дӯстдорони варзиш воқеъбинона доварӣ намуданд. Иштирокчиёни мусобиқа дар вазнҳои 50-60, 60-70, 70-80 ва 80-90 кг қувваозмоӣ карданд. Иштирокчиёни беҳтарини мусобиқа Ғуломов Шодихон бо бардоштани 70 кг, Ҳасанов Шоҳинбек — 80 кг, Ҳасанов Некрӯз — 100 кг ва Ахмедов Юсуф бо бардоштани 130 кг вазн ғолиб гардида, ҳар кадоми онҳо бо мукофотпулӣ сарфароз гардиданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






