Таваҷҷуҳи IFC ба рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар»). — Масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо миёни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии молиявӣ (IFC) дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ 18 июн зимни мулоқоти раиси ин кумита Давлаталӣ Саидов ва роҳбари лоиҳаи рушди бахши хусусии IFC Кристофер Миллер баррасӣ шуданд.Аз Кумитаи сармоягузорӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Д. Саидов ҳамкориҳои дуҷонибаро бо Ташкилоти байналмилалии молиявӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, бахусус дар самти сармоягузорию соҳибкорӣ мусбат арзёбӣ намуда, бо умеди таҳким ва тақвият бахшидан дар ин раванд ибрози ақида намуд. Аз ҷумла вай зикр дошт, ки саҳми IFC дар рушди босуботи иқтисодиёт ва фазои сармоягузорию соҳибкорӣ ва беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоби Бонки Ҷаҳонӣ оид ба “Пешбурди тиҷорат” назаррас аст.Аз ҷониби Кристофер Миллер ҷиҳати идома бахшидани ҳамкориҳои мутақобила ва амалигардонии ислоҳотҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ шуд.Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои татбиқи механизми Шарикии давлат ва бахши хусусӣ, идомаи ислоҳотҳо дар самти низоми иҷозатдиҳӣ ва санҷишҳо ва дигар самтҳо, ки ба рушди сармоягузорию соҳибкорӣ равона гардидаанд, ба мувофиқа расида, вобаста ба ин пешниҳод шуд, ки дар рўзҳои наздик оид ба масъалаҳои зикргардида Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






