Тавзеҳи Паём ва мулоқоти Президент бо ҷавонон
Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ якҷоя бо Прокуратураи генералӣ дар Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ ҷиҳати шарҳ додани нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва мулоқоти Сарвари давлат бо ҷавонон масъулини ин ниҳодҳо бо донишҷӯёну омӯзгорон мулоқоти васеъ доир намуданд. Муовини сардори раёсати ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Қиёмиддин Миралиев аз моҳияту муҳтавои Паём ва мулоқоти Сарвари давлат бо ҷавонони кишвар суханронӣ намуда, тазаккур дод, ки имрӯз танҳо ҷавонони меҳанпарасту худшинос, ки ифтихор аз созандагӣ ва бунёдкорӣ мекунанд, метавонанд дар таҳкими ваҳдату ягонагӣ ва рушди босуботи иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ саҳм бигиранд. Вай афзуд, ки якояки мову шумо бояд дар пойдории сулҳу ваҳдат ва созандагию обдкории кишвар бетараф набошем ва барои дар амал татбиқ намудани сиёсати хирамандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода барем.Корманди Прокуратураи генералӣ Раҳимҷон Раҷабов оид ба маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии насли ҷавон баромад намуда, ҷавононро даъват намуд, то дар дастгирӣ аз сиёсату дастуру ҳидояти Президенти кишвар саҳмгузор бошанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






