Тренинг анҷом ёфт
Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар»). – 20 нафар сарҳадбонони тоҷик ва кормандони хадамоти гумрук таҳсилро дар курси дуҳафтаина аз рӯи масъалаи мубориза бо ҷинояткории муташаккилона дар сарҳадот анҷом доданд. Хатмкунандагони курс иборат аз роҳбарони ҷузъу томи сохторҳои қудратӣ бо масоили тафтиши ҷинояткориҳои молиявию иқтисодӣ, пулшуӣ, усулҳои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва одамрабоӣ шинос шуданд. Роҳбари раёсати ҳарбию сиёсии маркази Созмони амнияти ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон Аластер Линвингтон хатмкунандагонро муборакбод карда, зикр намуд, ки такмили малакаҳои сарҳадбонони Тоҷикистон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо вусъати ҷинояткории муташаккилона дар сарҳад ва, дар робита бо ин, вусъат бахшидани стратегияи миллӣ барои назорати сарҳад барои таҳкими амнияти он аҳамияти бориз дорад.Тренинг дар ҳошияи барномаи САҲА оид ба амнияти сарҳадот ба манзури тақвият бахшидани нерӯи муассисаҳои бахши бехатарии сарҳад ва муҳофизати он доир гардид.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






