Ваъдаи Сафири Туркия ба Донишгоҳи омӯзгорӣ
Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).31-уми май, дар факултаҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо ширкати Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Муҳаммад Мунис Дарӣ ва роҳбари лоиҳаи туркии TIKO Абдуллобеҳ Сарӣ технологияҳои муосире, ки бо кӯмаки ин сафорат дастрас гардида буданд, мавриди истифода қарор гирифтанд. Бино ба иттилои котиби матбуотии донишгоҳ Бахтиёри Абдураҳим меҳмонон аз ҳолати барқарорнамоӣ ва истифодаи таҷҳизоти техникӣ дар факултаҳо дидан намуда, бо донишҷӯён суҳбатҳои судманд анҷом доданд.Ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов дар ин маросим зикр кард, ки дар асоси ҳамкориҳои дуҷониба сафорати Ҷумҳурии Туркия тавассути ширкати TIKO 13 тахтаи электронӣ , 15 компютеру ноутбук ва 13 принтер ба таълимгоҳи мо тақдим кард, ки маблағи умумии он 120 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Итминони комил дорем, ки ин гуна ҳамкориҳо дар оянда боз ҳам тақвият меёбанд.Дар мулоқоти хосае, ки миёни намояндагони Сафорати Туркия ва Донишгоҳи омӯзгорӣ сурат гирифт, сафир М.Дарӣ изҳор дошт, ки давоми соли ҷорӣ ва дар соли оянда ин навъ кӯмакҳо боз расонида хоҳанд шуд. Сафир, ҳамчунин, ваъда дод, ки дар ҳолати аз ҷониби донишгоҳ пешниҳод гардидан онҳо имкон доранд, ки ба як қатор аспирантони лаёқатманд стипендия муқаррар намоянд. Дар мулоқот меҳмонон, ҳамзамон, таъкид доштанд, ки муддати сафирии М.Дарӣ ба ҷуз аз Донишгоҳи омӯзгорӣ дигар макотиби олии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ муроҷиат накардаанд.Хотирнишон месозем, ки 30-юми май бо дастгирии ширкати Талко дар факултаи математикаи ҳамин донишгоҳ як синфхонаи васеъ бо технологияҳои муосир муҷаҳҳазонида шуд, ки маблағи умумии он 120 ҳазор сомониро ташкил медод.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






