Вазъи мухаддиротӣ дар кишвар
Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дирӯз дар Ҳукумати ноҳияи Рӯшони вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҷаласаи навбатии фаъолони ноҳия бо ширкати кормандони масъули ҳукумат, роҳбарони идора, муассиса ва ташкилотҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мутассадиёни соҳаҳои маориф ва тандурустӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.Дар вохӯрӣ дар бораи мақсад ва вазифаҳои сафари кормандони агентӣ ба ноҳия сухан гуфта, оид ба вазъи мухаддиротӣ дар кишвар, бахусус дар вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маълумоти муфассал дода шуд. Инчунин зикр гардид, ки самаранокии корҳои таблиғотӣ, ташвиқотӣ ва пешгирикунандаи зиддинашъамандӣ пеш аз ҳама бояд бо дастгириву пуштибонии ҳамаи қишрҳои ҷомеа амалӣ шаванд. Дар ин маврид онҳо метавонанд таъсирбахш ва хотирмон гарданд. Бояд гуфт, ки масъалаи нашъамандӣ имрӯз амалан дар ҳар кишвар ва дар ҳар минтақа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Дар вохӯрӣ қарор шуд, ки кормандони агентӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, идораҳои кор бо ҷавонон, занон ва оила дар байни аҳолӣ ва пеш аз ҳама дар байни ҷавонон ва наврасони ноҳияи Рӯшон чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






